25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони деҳаи Аҳоруни шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нушокӣ таъмин шуданд

346
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дирӯз, 28 октябр дар деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода барои 300 хоҷагӣ, ки беш аз 1000 нафар аҳолиро дар бар мегиранд, хати оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ин кори муҳим бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот», Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода, инчунин саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолон ва сокинони деҳот амалӣ гардид.

Зимни суҳбат бо сокинони деҳа раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба соҳибкорону фаъолон ва сокинони деҳаи Аҳорун, ки дар ин иқдоми муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми созандаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум корҳои назаррас амалӣ намуда истодаанд. Таъмин кардани аҳолии деҳаи Аҳорун бо оби босифати ошомиданӣ аз ҷумлаи онҳост.

Масъулини шаҳр гуфтанд, ки хати оби нӯшокии деҳаи Аҳорун аз масофаи 3500 метр бо қубури қутраш 90 мм кашида шуда, анҷоми корҳо бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳа дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва техникаи Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода сурат гирифтааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво