6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ба Хатлон сафари корӣ намуд

303
Аз 17 то 19 декабр сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон ҷараён мегирад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара боздид намуданд.

Қоҳир Расулзода ҷиҳати босифат ва мувофиқи талаботи меъморӣ бунёд кардани бинои шуъбаи мазкуро ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

Бино ба гуфти масъулин, фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» мебошад. Беморхона дар як баст метавонад то 500 беморро қабул намояд.

Дар ҷараёни сафар аз марҳилаи ба истифододадиҳии хати обии тозаи нӯшокӣ, воқеъ дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳия дидан намуда, барои ба деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия кашидани хати оби мазкур супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Сипас Сарвазири мамлакат ва дигар шахсони расмӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурт боздид намуданд. Ба сохтмони ин бино бинокорони бомаҳорат ҷалб шуда, онро бо усули замонавӣ бунёд доранд. Ҳунармандони кандакор барои зебою барҳаво бунёд шудани қасри мазкур малакаи хешро дар сатҳи баланд нишон дода истодаанд.

Ҳамчунин дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат аз дигар иншооти сохташаванда дидан намуд. Қоҳир Расулзода ва дигар меҳмонон бинои нави Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ҷамоати шаҳраки Совет мавриди истифода қарор дода, бо бархе нафақахӯрони ноҳия суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни сафари корӣ меҳмонон аз раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода корҳои сохтмониро дар Коллеҷи тиббии байниноҳиявии ҷамоати шаҳраки мазкур назорат карда, барои мувофиқ ба талаботи сохтмонӣ бунёд шудани он дастур дод. Бинои мазкур сеошёна буда, дорои 14 синфхона ва 6 озмоишгоҳ аст, ки барои 250 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонон ба ноҳияи Восеъ рафтанд. Меҳмонон дар ифтитоҳи бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ, ки дар ошёни якуми он маркази савдо сохта шудааст, ширкат намуда, барои дар сатҳи баланди меъморӣ сохта шудани бино изҳори қаноатмандӣ намуданд. Хонаи истиқоматӣ бо тарҳу усули замонавӣ сохта шуда, метавонад барои аҳолии ноҳия хидмат кунанд. Бинои мазкур аз тарафи соҳибкори ноҳия сохта шуда, туҳфаи арзанда ба 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат арзёбӣ мешавад. Сарвазири мамлакат дар саҳни бинои мазкур бо сокинони ноҳия вохурӣ анҷом дода, ҷиҳати иҷрои дастурҳои давлату ҳукумати мамлакат ва арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлол дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин зимни сафар Сарвазири мамлакат дар маросими мавриди истифода қарор додани маркази савдо, аз ҷумла фурӯши қолинҳо ва мебелҳо дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбук иштирок намуда, бо сокинон вохурӣ анҷом дод. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода муроҷиатномаи роҳбарияти олии мамлакатро ҷиҳати дар фасли сармо самаранок истифода бурдани неруи барқ ба аҳолии ноҳия расонида, зикр намуд, ки «мо, мардуми шарафманди мамлакат метавонем якҷоя сари роҳи маҳдудиятро гирифта, дар ободтар шудани Ватани худ саҳми бориз гузорем». Сарвазири мамлакат ҳамзамон оид ба чанд масъалаҳои мубрам бо сокинон суҳбат анҷом дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво