6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ба минтақаи Кӯлоб сафар кард

563
Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 декабр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.

Сарвазири мамлакатро дар ин сафар Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ кард.

Нахуст Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварии гӯшти мурғи бролейрӣ, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд. Ба Сарвазири мамлакат маълумот дода шуд, ки истифодаи технологияи наву муосири парвариш ва коркарди гӯшти паранда, инчунин дастгирии ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат аз ҳадафҳои асосии ин лоиҳа мебошанд.

Зикр гардид, ки бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани фабрикаи мазкур иқтидори истеҳсолии он ба 5 ҳазору 140 тонна гӯшти паранда дар як сол расонида хоҳад шуд.

Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон» дар маросими ифтитоҳи бинои нави маркази хизматрасонӣ ширкат варзиданд. Маҷмааи мазкур аз меҳмонхона, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ иборат аст. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, саҳми соҳибкори маҳаллиро назаррас хонд.

«То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шумораи чунин марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми деҳотҷой афзун гардида, ба ин васила шароити зисти мардуми маҳал беҳтар ва ҷойҳои нави корӣ бештар хоҳанд шуд», — зикр намуд Қоҳир Расулзода.

Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи 3-юм ва 4-уми ҶСП «Ҷунтай — Данғара син силу Текстил» дар деҳаи Корези Ҷамоати деҳоти «Корез» Сарвазири мамлакат ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонидани он ба масъулони ширкат дастуру машварат дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво