6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ намуд

376
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ намуд
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, ифтитоҳи деҳаи навбунёд, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба ноҳияи Хуросон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 14-16 майи соли равон бар асари офати табиӣ деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Анҷумани 18 – уми ҳизби Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон хароб гардида, манзилҳои зисти 67 оила зиён дида буданд.

Аз рӯзҳои аввал бо супориши Пешвои муаззами миллат ба мардуми зарардида кумак расонида шуд ва онҳо бо масолеҳи сохтмонию маводи ғизоӣ пурра таъмин гардиданд. Давоми ду моҳ барои 67 оила хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, дар онҳо ҳама шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон боздид карда, бо сатҳу сифати хонаҳои навбунёд шинос шуданд ва бо сокинон суҳбат намуданд. Инчунин онҳо сокинонро барои ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳал ба истиқболи 30-солагии Истиқлолтияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат аз синфҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва ҷараёни дарсҳо дидан намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво