27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Гулистон 900 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида шуданд

267
Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»- Гулистони вилояти Суғд беш аз 900 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида шуданд.

Ҳамзамон дар маъракаи ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ, ки дар он кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва идораҳои маркази шаҳр фаъолона ширкат намуданд, 100 бех дарахтони бисёрсола мувофиқи талаботи шаҳрдорӣ аз нав шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво