25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Хатлон 418 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд

289
Тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли равон Ситод оид ба назорати ниҳолшинонӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Тибқи супориши ин ситод дар вилоят шинонидани 418 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст. Инчунин дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар робита ба таъсиси ситод 21 ноябр бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар гулгашти майдони «70-солагии водии Вахш»-и шаҳри Бохтар беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.

Ҳамчунин дар майдони «Ваҳдати миллӣ», атрофи осорхонаи «Бибихонум», майдони Маркази ҷавонон, хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтар 620 бех ниҳолҳои камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх ва сӯзанбарг шинонида шуданд. Ин ниҳолҳо ва дарахтони чандсола аз парваришгоҳҳои ниҳолҳои ватанӣ ва кишварҳои аврупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.



Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони «70-солагии водии Вахш» ва шинонидани 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур доданд.

Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво