12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки Пешвои миллат дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт

1755
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Нишони давлатӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурудгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо доданд.
Сипас дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт Президенти мамлакат бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт муаррифӣ карда шуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ ва ба як ҷойи хушманзара табдил додани он дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шаванд.
Зимни шиносоӣ аз ин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти боғи Наврӯзгоҳ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидан, ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2014 Боғи Наврӯзгоҳ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғ ба шумор мераванд.
Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудаанд.
Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуда буд. Дар боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.
Аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Умуман боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво