27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

301
Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдуқадим Холиқов иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иншооти варзишӣ бо харҷи беш аз 150 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардидааст.

Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода дар маросими ба истифода додани майдони футболи хурд рушди варзишро миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Исфара яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Номбурда иброз дошт, ки “ба фаъолият шурӯъ намудани майдончаи нав имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақтҳои холӣ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар, майдончаҳо барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонанд”.

Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки бунёди майдонҳои футболи хурд дар шаҳри Исфара дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат менамояд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво