23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кӯдакистони «Гулистон» бунёд шуд

292
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кӯдакистони «Гулистон» ба истифода дода шуд. Кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкор Абдуваққос Нишонов сохта шуда, барои 175 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, саҳми соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии шаҳри Исфара назаррас мебошад. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкори бурунмарзии зодаи Исфара Миразиз Усмонов зиёда аз 5 км роҳҳои дохилии деҳоти Кӯлканд ба маблағи беш аз 1 млн сомонӣ пурра асфалтпӯш шуда, масоҳати 1,1 км роҳи кӯчаи марказии деҳа бо харҷи 77 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Ҳамчунон бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Ҷамшед Бузуруков 600 метр роҳи кӯчаи Гузар асфалтпӯш карда шуд. Дар ин радиф, бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Гулистон варзишгоҳи хурди муосир бунёд ва мавриди баҳрабардории ҷавонону наврасон қарор дода шуд.

Ҳоло дар шаҳри Исфара бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, сокинони ҳар маҳалла, шаҳраку деҳот ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо талош доранд ин ҷашни давлатиро бо рӯҳияи тоза пешвоз гиранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво