18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд

241
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, 26 октябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти шиори «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд миёни сохторҳои донишгоҳ оғоз гардид. Ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода зикр намуд, ки мусобиқаи футбол ба хотири равнақ бахшидани муттаҳидию дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ дар байни устодону кормандон, тарғибу ташвиқи рушди варзиш, хусусан футболи хурд, ҷалби кормандон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани беҳтарин даста дар байни ҳайати кормандони донишгоҳ мебошад.

Имрӯз футбол бесабаб «шоҳи варзиш» ва «бозии миллионҳо» ном бурда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ футбол варзиши №1, дӯстдоштатарин бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво