26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Душанбе аксияи экологӣ-ниҳолшинонӣ доир гардид

245
Дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» аксияи экологӣ-ниҳолшинонӣ доир гардид, ки дар он беш аз 250 нафар ҷавонону варзишгарон ва кормандони раёсату муассисаҳои варзишии пойтахт иштирок намуда, зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд.

Тавре мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиши экологӣ-ниҳолшинонӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулин иштирок намуданд. Пеш аз оғози ин ташаббус иштирокчиён аз иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва амали қобили таҳсину шоиста ва самарабахш будани он ибрози андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои навбатии Раиси шаҳри Душанбе буда, мақсад аз амалисозии ин ташаббус, пеш аз ҳама, саҳм гузоштани сокинони пойтат дар сабзу хуррамгардонӣ ва шукуфоии пойтахт мебошад.

Иқдоми мазкур то охири мавсими ниҳолшинониву сабзазоркунӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, минбаъд дар дигар ноҳияҳои шаҳр низ амалӣ карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво