19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид

639
9 майи соли 2019 бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи «Шараф»-и қисми ҳарбии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд, фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Дар оғози фестивал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иштирокчиёнро аз номи роҳбарият Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шодбош гуфта, ба онҳо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору муваффақият таманно намуд.

Ҳамчунин сарояндагони ансамблҳои мақомоти ҳарбӣ ва наврасону ҷавонони соҳибистеъдод доир ба меҳри Ватан, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат, Истиқлолияту ваҳдат ва ҷавонӣ сурудҳо сароиданд.

Бояд гуфт, ки дар Фестивали сурудҳои ватандӯстона дар қатори сарбозону афсарон наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуда, бо фаъолияти кунунии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва вазъи будубоши сарбозон аз наздик шинос шуданд.

Дар фарҷом ба сарояндагони беҳтарин сурудҳои ватандӯстона сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво