25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд

296
Дирӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшда ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 — и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиш доир гардид. Дар он гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фаннӣ ва ҷавонони фаъоли гуногункасби пойтахт иштирок доштанд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар дод.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аз дастовардҳои ҷавонон, хусусан ҷавонони пойтахт дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат сухан карда, зикр намуд, ки ҷавонони мо имрӯз аз зумраи саодатмандтарин насле мебошанд, ки даврони ҷавонии онҳо ба чунин айёми зебову нусрат ва тинҷиву амонӣ рост омадааст.
“Имрӯз агар мо ба нақшу саҳми ҷавонони тоҷик дар тамоми ҷодаҳо назар андозем, бо боварии комил ва сарфарозӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони мо бо сифатҳои олитарини инсонӣ, яъне дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ исбот намудаанд, ки роҳи интихобкардаи онҳо дар масири ватандориву ватанхоҳӣ сафеду рахшон аст”,-гуфт мавсуф.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода баён дошт, ки бо дастгириҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастовардҳои беназири сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ҷавонони шаҳри Душанбе рӯйи кор омада, шароити мусоиду арзанда дар ҳама самтҳои фаъолияти ҷавонон, махсусан самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон аз ин дастовардҳо самаранок истифода намуда, барои ояндаи дурахшони худ малака касб менамоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҷавонони фаъол ва волонтёрони шаҳри Душанбе бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин ба хотири болидарӯҳии ҷавонон барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво