26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

248
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2020 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо ба таври зинда қироат намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ин чорабинии ҷашнӣ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.

Мақсади баргузории маҷлиси тантанавӣ арҷ гузоштан ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода ҳамаи кормандонро бо ин санаи фархунда - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба шакли идоракунии Президентӣ, дастовардҳо дар даврони Истиқлолият ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқароркунии сулҳу ваҳдат ва ободиву рушди Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Аз ҷумла чунин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз нобудшавӣ наҷот дода, мардумро атрофашон муттаҳид, ба қалби мардум шӯълаи умедро бедор ва ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд. Хидматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, садоқати беандоза ба Ватан, пешравиҳо дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва даҳҳо амалҳои наҷиб басо назаррас ҳастанд.

16-уми ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик санаи тақдирсоз ва фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад. 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин санаи тақдирсоз дар ҳаёти иҷтимоии халқи тоҷик саҳифаи нави таърихиро бунёд гузошт. Аз ин ҷиҳат эълон гардидани 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» амри бисёр воқеист.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъдан аз номи ҷавонони Кумита мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ Ҷӯраева Меҳрангез баромад намуда, қайд кард, ки мо ҷавононро зарур аст, ки аз чунин Пешвои муаззами миллат ифтихор дошта бошем, сиёсати пешгирифтаи он касро ҳамаҷониба дастгирӣ намояем, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осуда кунем, баҳри ободии хонаводаву диёр ва кишвари хеш камари ҳиммат баста, дар партави сиёсати пешгирифтаи чунин марди бузурги миллат ба қуллаҳои баланди мурод расем.
Д.Нурзода,
"РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво