29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

488
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо ба таври зинда қироат намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ин чорабинии ҷашнӣ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода ҳамаи кормандонро бо ин санаи фархунда - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба шакли идоракунии Президентӣ, дастовардҳо дар даврони Истиқлолият ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқароркунии сулҳу ваҳдат ва ободиву рушди Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷумла чунин қайд намуданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳар сол 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

16-уми ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик санаи тақдирсоз ва фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад. 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин санаи тақдирсоз дар ҳаёти иҷтимоии халқи тоҷик саҳифаи нави таърихиро бунёд гузошт. Аз ин ҷиҳат эълон гардидани 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» амри бисёр воқеист.
Мақсади ҷамъомади имрӯзаи мо низ арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Президенти мамлакат мебошад.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи шуморо бо ин санаи бузург самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро орзу менамоям.
Мансаби Президентӣ меъёри конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан муқаррар гардидаанд.

Тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».

Шакли идоракунии давлат ифодагари тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ, инъикоси сохтор ва тартиби амалишавии муносибатҳои мутақобилаи мақомоти олии давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон мебошад.

Дар шароити мавҷудияти ҷумҳурии президентӣ дар низоми мақомоти давлатӣ нақши президент хеле барҷаста мебошад. Президент дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам ҳокимияти иҷроия мебошад. Президент тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб карда мешавад. Ҳукумат аз ҷониби Президент ташкил карда мешавад ва танҳо ба ӯ итоат менамояд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи моддаи 64 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Аз ҷумла, моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз оғози вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Мову шумо дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ҷашн муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳалаи нав ва муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон муттаҳид, ба қалби мардум шӯълаи умедро бедор ва ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Албатта Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандагию бунёдкориашон ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидаанд, ки бо матонату диловарӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намоянд. Чунин аст садоқату бурдбории миллат, ки фарзандони бо ору номусаш баҳри Ватан ҷоннисорӣ менамоянд. Ҳамин аст шуҷоатмандию қаҳрамоние, ки як нафар ба ҳайси Сарвар ҳастии худро ба миллат бахшида, ҳаёту зиндагии худро зери хатар гузошта, мардуми парокандаро сарҷамъ карда тавонист.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва барои ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкаме гузошт, ки ин ҳама аз хирадмандиву ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.

Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат на танҳо поягузори сулҳу ваҳдат, балки меъмори фарҳанги навини замони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ мусоидаткунандаи мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлат¬дории тоҷикон аст. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи тараққиёти кишвари азизамонро хеле коҳиш дод, аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷикро халалдор карда натавонист ва мо дар як муддати кӯтоҳ бо сарварии Пешвои миллат аз уҳдаи ҳадафҳои стратегии дар пеш ниҳодаамон баромада тавонистем.
Маълум аст, ки замони соҳибистиқлолӣ давраи гузаришу эҳё ва дигаргуниҳои нави ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он таҳаввулоти нав ва заминаҳои созанда-гию бунёдкорӣ ба миён омаданд. Дар ин раванд Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсӣ дар баробари эҳёи ваҳдати миллӣ рамзҳои давлатиро аз нав барқарору эҳё намуда, ба давлатдории нави тоҷикон ҳусни тоза бахшиданд. Дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ва аксари шаҳру ноҳияҳои кишварамон боғҳои Парчаму Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуданд, ки онҳо дар раванди худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватанпарастии ҷавонони кишвар ҷойгоҳи арзанда доранд.

Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои сокинони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.
Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба муҳтоҷону камбизоатон, беморону маъюбон, хислатҳои бузургӣ, дурандешӣ ва ҳамдардии он кас ба ниёзмандони кишварамон боиси ифтихор ва сабақи зиндагӣ мебошанд.

Барои тақвияти ин гуфтаҳо мо тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро аз раванди ваҳдати миллӣ сар карда, то сохтмони иншооти бузурги аср: НБО-и Роғун, нерӯгоҳҳои Сангтӯда - 1, Сангтӯда - 2, нақби Истиқлол, нақби Хатлон, нақби Озодӣ , нақби Шаҳристон, роҳҳои оҳани Душанбе-Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, сохтмони мактабу бунгоҳҳо, ба таври куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва боз дигар комёбиҳоямонро ҳамеша ба истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вобастаю пайваста донем. Чунин амал масъулияти худшиносию худогоҳии миллиро дар назди наслҳои нав боз ҳам дучанд намуда, ҳисси ватанхоҳию ватанпарастии мардумро баланд мебардорад.

Дар баробари ин ҳама дастовардҳо, ваҳдати миллӣ падидаи таърихие мебошад, ки ҳама пешравию муваффақиятҳои миллати мо ба он вобаста мебошад. Ваҳдати миллӣ пайвандгари қалбҳо ва арзишмандтарин дастовардест, ки ба он на ҳар миллату халқ мушарраф мегардад. Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигар¬фаҳмии афроди ҷомеа воқеан ҳам, бузургтарин арзишест, ки барои рушду инкишофи кишвари азизамон заминаи устувор гузошт.
Таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои муҳиму назаррас ба чашм мерасанд.

Дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат барои рушду тараққиёти кишвар тамоми имкону захираҳоро сафарбар кардаанд, то ин ки тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ пешрафти Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст.

Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.
Барои ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба орзуҳои некро интихоб намуданд, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.

Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври матлуб дар амал татбиқ мешавад.

Дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, дар доираи “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009 - 2020” ва стратегияи миллии рушд бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Айни ҳол таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сарбанд”, “Қайроққум” ва марҳалаи якуми нерӯгоҳи барқи обии “Норак” оғоз гардидааст.

Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии САSA-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва бо мақсади осон гардонидани рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мусофирон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз буҷети давлат барои таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, сохтмону азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Дар роҳи татбиқи ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Вобаста ба рушди соҳаи таъминкунандаи маводи ниёзи аввал барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардидаанд. Тавассути татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ, занбӯриасалпарварӣ, тухмипарварӣ, бунёди боғҳои нав, ба гардиш даровардани заминҳои нав, обёрии заминҳо, содироти меваю сабзавот, хушкмеваҳо ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад.

Инсон дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат мавқеъи хоса дорад. Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ - дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои беҳтар шудани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ мебошанд ва мо бо он кас ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.

Бо камоли эҳтиром аз номи ҳамаи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кулли меъморону сохтмончиёни мамлакат ва шахсан аз номи худам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, хоҳони он ҳастам, ки Ватани азизи мо – хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зеботар гардад ва хуршеди бахти давлати соҳибистиқлоли мо то абад нурбахши ҳар як хонадони кишвар бошад!

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъдан аз номи ҷавонони Кумита мутахассиси пешбари Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ Ашӯров Абдумаҷид баромад намуда, қайд кард, ки мо ҷавононро зарур аст, ки аз чунин Пешвои муаззами миллат ифтихор дошта бошаем, сиёсати пешгирифтаи он касро ҳамаҷониба дастгирӣ намояем, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осуда кунем, баҳри ободии хонаводаву диёр ва кишвари хеш камари ҳиммат баста, дар партави сиёсати пешгирифтаи чунин марди бузурги миллат ба қуллаҳои баланди мурод расем.

Мақсади баргузории маҷлиси тантанавӣ арҷ гузоштан ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
"РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво