27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Норак бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад

293
Ба шарафи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаи Лангар барои 200 нафар дар ду баст бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ, бинои хобгоҳи кормандони корхонаи ҶСК «Тоҷик СГЭМ»-и шаҳр иборат аз се ошёна, ошхонаи кормандон ва бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ба анҷом расид, ки дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни миллӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Норак Шуҳрат Азимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 193 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 83 иншоот, аз ҷумла 3 адад биноҳои маъмурӣ, 5 адад майдонҳои варзишӣ, 2 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 6 адад иншооти фарҳангӣ, 64 адад иншооти соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, нуқтаҳои савдо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн, ҳаммому сартарошхонаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни миллӣ аз ҳисоби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ то соли 2021 бинои Маркази адлия ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур барои мақомоти САҲШ, Ёрии ҳуқуқӣ ва идораи нотариалии давлатӣ бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад, ки он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, равзанаи ягона, толори бақайдгирии ақди никоҳ ва меҳмонхона мебошад.

Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова гуфт, ки “бинои Маркази адлия дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи Пешвои муаззами миллат ба мо, кормандони САҲШ-и шаҳри Норак мебошад. Дар даврони истиқлолият ҳама гуна пешравӣ, рушд, созандагӣ, бунёдкорӣ ва тараққиёти давлатамон дар заминаи сулҳу субот ба даст меояд, ки он бар асари талош, пайкор, матонат, шуҷоат, заҳматҳо, ақлу хиради бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пайкорҳои пайвастаи Пешвои миллат дар доираи як мамлакат маҳдуд намегарданд, балки онҳо чун нури офтоб арсаи ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз ин ҷост, ки имрӯз давлати мо ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии ҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати мардумони ҷаҳон табдил ёфтааст. Аз ин рӯ мо, ҷавонони даврони истиқлол ба боварии комил гуфта метавонем, ки Ватани ба ҷон баробари худро бо азму иродаи қавӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат боз ҳам ободу зебо намуда, ба сокинони диёри хеш содиқона хизмат менамоем”.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво