10 апрел 2020, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

НАВРӮЗ ДАР НОРАК. Сокинони ин шаҳр ҷашни аҷдодиро дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд

28
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар роҳи марказии шаҳри Норак 6 адад истгоҳҳои замонавӣ бо фарогирии мағозаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуданд. Акнун меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд бо ҳунарҳои мардуми ин минтақа аз наздик шинос шуда, маҳсулоти дилхоҳашонро харидорӣ намоянд.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати дучанд идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани меҳмонон дар ин ҷашни аҷдодӣ омодагиҳои ҳамаҷониба мебинанд.

Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Норак ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ, рангорангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза гирифта, худро дар дунёи афсонавӣ эҳсос мекунад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам намудаанд.

Сокинони шаҳри Норак дар шанбегию ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок намуда, шаҳрро барои истиқболи меҳмонон пурра омода намудаанд.

Тибқи иттилои директори Муассисаи давлатии «ШМКХ»-и шаҳри Норак Субҳон Ҷуразода, 142 нафар кормандони муассиса тавассути 16 адад техника то имрӯз маркази шаҳрро рӯбучин намуда, дар масоҳати 18 км ҷӯйбору сойҳои обпарторо тоза кардаанд. Онҳо ҳамарӯза 170-175 куб партовҳои сахти маиширо аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бароварда, дар партовгоҳи марказии ноҳия безарар мегардонанд, ки он то имрӯз 9702,6 кубро ташкил медиҳад.

Дар ин рӯзҳо маркази шаҳри Норак ва маҳаллаҳои он бо 35 ҳазор бех гулҳои ҳамешасабзу мавсимӣ гулпӯш гардида, дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 400 адад шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллату парчами давлатӣ насб шудаанд.

Директори Муассисаи манзили коммуналии шаҳри Норак Мазҳариддин Саидов мегӯяд, ки дар гармхонаҳои муассиса 70 ҳазор бех гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд, ки рӯзҳои наздик ба фурӯш бароварда мешаванд.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Норак Дилбар Зуҳурова иброз намуд, ки фарҳангиёни Норак таҳти унвони «Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ» барномаи театрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ омода намуда, дар рӯзи ҷашни Наврӯзи Аҷам пешкаши сокинону меҳмонон мегардонанд.



Лутфан барои пешгирии касалиҳои сироятӣ гигиенаи шахсиро риоя намоед.



Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво