25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Норак бунёди 193 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст

353
Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ бунёди 193 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор иншооти ҷашнӣ дар солҳои 2018, 2019 ва моҳҳои аввали соли равон беш аз 77 адади он сохта ба истифода дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Фирӯз Аминов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар назар аст, ки то соли 2021-ум 116 иншооти боқимонда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар маҷмӯъ то фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони 9 бинои маъмурӣ, 6 бинои таълимӣ, 7 адад иншооти табобатӣ, 10 адад иншооти варзишӣ, 8 адад иншооти фарҳангӣ ва боқимонда 153 адад иншооти дорои аҳамияти хизматрасонӣ-маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ва саноатӣ дар нақша дошта шудааст.

Бо бунёди бинову иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хизматрасонӣ шумораи бекорон ба таври назаррас коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум дар шаҳр боло меравад. Дар ин баробар, ин тадбири муҳим дар ғанӣ кардани иқтисодиёти шаҳр нақши муассир хоҳад гузошт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки маркази шаҳри Норак дар солҳои охир симои тозаеро ба худ зам намудааст. Пиёдагардҳои канори роҳҳо ба таври дилкаш кошинкорӣ шуда, дар гӯшаҳои мухталиф гулгаштҳо ва шиору овезаҳои ҷолиб, ки ҳамагӣ мазмуни ватандӯстона ва ободгароӣ доранд, насб гардидаанд.

Шоми шаҳри Норак ва ҷамоатҳои деҳот низ дигар мисли солиёни қабл тира набуда, кӯчаи марказӣ аз даромадгоҳ то охир бо чароғпояҳои зебо, симчароғҳои рангрези мунаққаш оро дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонида, тасмим доранд дар ин солҳо мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд ва шаҳри Норакро ба як гӯшаи афсонавӣ ва барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолиб табдил диҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво