22 апрел 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара 27 иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд

275
Ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун бо тарҳи муосир ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим бунёду навсозӣ мегарданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар деҳоти Сангтӯда бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Навобод ва Нурофар бо сифати баланд ба анҷом расид. Қаблан дар марказҳои саломатии деҳаҳо ҳамагӣ ду-се корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 10-12 нафар расид.

Ҳамчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ корҳои сохтмонии чойхона, коргоҳи дӯзандагӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бомаром идома доранд. Иншооти ҷашнӣ то соли 2021 марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои зоҳирии деҳот ва зиндагии сокинонро дигаргун менамоянд.

Сокинони деҳоти Сангтӯда дар баробари бунёди иншоот барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои хушсифат давоми ду соли охир беш аз 11 гектар боғи нав намудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво