Дар вилояти Хатлон тайи 11 моҳи соли равон 32 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
667
То ҷашни 30-солагии Истиқлолият, яъне давоми се соли дар пешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баҳри таъмиру навсозии муассисаҳои тандурустӣ, бахусус марказҳои саломатии деҳот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ба шароити тиббӣ мувофиқ намудани муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва марҳила ба марҳила баровардани муассисаҳои тиббӣ аз биноҳои ғайритиббӣ (вагон, хона, мактаб ва ғайра) ва таъмини муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти зарурӣ дар 11 моҳи соли равон як силсила корҳо ба анҷом расонида шуданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 2 бунгоҳи тиббӣ аз мактаб ва 2 бунгоҳи тиббӣ аз ҷойҳои ғайритиббӣ бароварда шуданд. Дар вилоят тӯли ин муддат 32 адад бунгоҳи саломатӣ сохта шуда, айни замон сохтмони 4 адади дигар идома дорад. Бинобар афзоиш ёфтани аҳолии деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019, 2020, 2021 низ дар вилоят идома меёбанд. Инчунин дар асоси лоиҳаи «Беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ба 17 маркази саломатии деҳоти ноҳияи Ҷ. Балхӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ тақдим гардида, дар 12 маркази саломатии деҳот ин таҷҳизот васл карда шудаанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин давра шуъбаи таваллуди ноҳияи Ҷайҳун бо дастгирии саховатмандон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Ба иттилои манбаъ, бунёди марказҳои саломатии деҳот минбаъд низ дар вилоят идома хоҳад ёфт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |