27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит ба қабули сайёҳон омода мебошад

523
Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит ба қабули сайёҳон омода мебошад

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳӣ аз мавзеъҳои сайёҳии дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дидан намуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.

Дараи Ромит яке аз манзараҳои зеботарин ва минтақаи сайёҳии мамлакат буда, дар он оби шифобахши «Зайрон», «Мамнӯъгоҳи Ромит», мавзеи фароғатию сайёҳии «Арху» ва иншооти зиёди истироҳатию фароғатӣ навсозӣ гардидаанд. Дараи Ромит ҳамчунин бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш миёни сайҳони дохиливу хориҷӣ шуҳрат дорад.

Гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита нахуст аз осоишгоҳи «Зайрон» дидан намуд.

Осоишгоҳи «Зайрон» бо оби шифобахши худ маъруф буда, оби табиии он аз синаи кӯҳ ҷорӣ мешавад. Оби он барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту пою сутунмӯҳра ва пӯст пешбинӣ шуда, дар таркибаш калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад.

Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарё воқеъ аст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад.

Зимни сафар ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз мавзеи фароғатию сайёҳии «Арху» дидан кард. Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 75 километр аз Душанбе, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат воқеъ мебошад. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти ҳудуди он 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои 12 айвонча мебошад.

Меҳмонхонаи навбунёди ин маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Имкониятҳои маҷмааи мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани имконияти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ дар минтақа таъсири мусбат мерасонад.

Арху ном гирифтани ин мавзеъ ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд дошт. Баъдтар сокинони он дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд. Худи Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад.

Ба иттилои Кумита, дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардидаанд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон ба роҳ монанд.

Ҳамзамон Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир меандешад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво