27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Норак – макони ояндадори сайёҳӣ. Соли 2019 аз ин минтақа 13549 нафар дидан намуданд

528
Соли 2019 ба шаҳри Норак 13549 нафар меҳмонон ва сайёҳон, аз ҷумла 12207 нафар меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва 1349 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

«Мавқеи ҷуғрофии шаҳри Норак, фазои мусоиди экологӣ, обҳои мусаффо ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи атрофи он барои рушди сайёҳии экологӣ ва табобатию санаторӣ иқтидори воқеӣ дошта, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ бомаром идома дорад», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Норак 2 меҳмонхона, 9 минтақаҳои истироҳатӣ, 5 тарабхона, 1 осорхона, 28 ёдгориҳои таърихӣ, 12 нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, 3 гӯшаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, зиёда аз 58 минтақаи истироҳатӣ мавҷуданд. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соҳили дарёи Вахш сохтмони зиёда аз 80 иншооти фароғатӣ идома дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво