28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли 2019 зиёда аз 30 ҳазор сайёҳ аз ноҳияи Ховалинг дидан намуданд

397
Давоми соли 2019 ба ноҳияи Ховалинг 30 ҳазору 277 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориҳоро бо мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда, муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи он ба дӯстдрони сайру саёҳат пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳад», — зикр менамоянд масъулини Кумита.

Дар заминаи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 бо дастгирии Кумита бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои муайяне дар самти тарғиби имкониятҳои ноҳия ташкил ва гузаронида шудаанд.

Аз ҷумла, ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии ноҳияи Ховалинг гузаронида шуда, ду маркази иттилоотии сайёҳӣ бо номҳои «Сайри мунк» дар Осорхонаи маркази ноҳия ва «Роҳи Абрешим» дар ҳостели «Сайри мунк» ташкил карда шуданд.

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа харитаи сайёҳии ноҳия таҳия гардида, он дар даромадгоҳи ноҳия, инчунин дар 11 мавзеи таърихию фарҳангӣ ва меҳмонхонаҳо насб карда шудааст.

Давоми соли 2019-ум 7 хатсайри сайёҳии экологию таърихӣ ба ноҳия ташкил карда шуда, дар портали миллии сайёҳӣ ва дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи «Туризми Ховалинг» тарғиб карда шуданд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони «Корномаи Восеъ» хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Соли 2019 зиёда аз 30 ҳазор сайёҳ аз ноҳияи Ховалинг дидан намуданд
Хатсайри сайёҳии «Корномаи Восеъ» натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар ноҳияи Ховалинг буда, ба рушди сайёҳӣ дар ин минтақа равона шудааст. Хатсайри мазкур 2 шабу 3 рӯзро дар бар гирифта, шаҳрвандон метавонанд ҳам гурӯҳӣ ва ҳам фардӣ саёҳат намоянд.

Тибқи хатсайр сайёҳон аз Душанбе тавассути ноҳияи Данғара аз мавзеъҳои қалъаи «Мири Балҷувон», бошишгоҳи одамони асри санг дар деҳаи Кулдара, маъбади Буддои деҳаи Чепол (Чепи вол), «Чил чанор», «Чашмаи Қазон», мақбараи «Хоҷа Аюби Ансорӣ», осорхонаи марказии ноҳияи Ховалинг, осорхона ва зодгоҳи Восеи қаҳрамон дар деҳаи Дараи Мухтор, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан менамоянд.

Соли 2019 зиёда аз 30 ҳазор сайёҳ аз ноҳияи Ховалинг дидан намуданд
Ҳамчунин, бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ ролики таблиғотии ноҳия зери унвони “Welcome to Khovaling” таҳия гардида, дар намуди диск, видеороликҳо ба сайёҳон ва меҳмонон тақдим қарда шуд.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Ховалинг соли 2019-ум 3 меҳмонхонаи замонавӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои “Султон”, “Чилчанор” ва 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, амфитеатр, осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар Дараи Мухтори ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ноҳия тибқи хатсайри “Корвони сафирон” 40 нафар сафири муқими Ҷумҳурии Точикистон аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳия ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан намуданд.

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ веломарафон, ҷип-тур ба ноҳия тибқи хатсайри Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг доир карда шуд, ки дар он 50 нафар дӯстдорони саёҳат ширкат варзида, аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тамошо карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво