26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суғд: дар шаш моҳи соли равон 21 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд

283
Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 10071 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 122 варзишгоҳ, 7212 майдончаи варзиш, 1803 толори варзиш, 93 ҳавзи шиноварӣ, 37 маҷмаа ва 804 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво