20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Исфара Мактаби байналмилалии «Орион» сохта мешавад

471
Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд санги асоси яке аз иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда- сохтмони бинои Мактаби байналмилалии «Орион» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Исроил ва Нарзулло Ӯлмасовҳо гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мактаби байналмилалии «Орион» барои 1600 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардида, аз се ошёна, таҳхона, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори замонавии варзишӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат мебошад.

Сохтмони бинои мазкур тибқи буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил дода, ҳоло 60 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд. Корҳои сохтмонӣ то моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда, мактаби мазкур ба фаъолият оғоз мекунад.

Раиси вилоят ба муассисон тавсия дод, ки барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд намоянд. Зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат толибилмон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво