Вазъи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар давраи пандемия дар Россия баррасӣ гардид
359
Тавре иттилоъ дорем, роҳбарияти мақомоти муҳоҷирати Россия то 15 сентябри соли равон тамдид шудани муҳлати санадҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудани шаҳрвандони хориҷӣ, имконияти мусоид ҷиҳати барасмиятдарории низоми ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро фароҳам меоварад. Дар ин бора 7 июл зимни ҷаласаи фосилавии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо муовини сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Дмитрий Демиденко, ки дар он масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилии мамлакат, роҳбари намояндагии ВКД Россия дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират низ иштирок доштанд, садо дод.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласаи фосилавӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷанбаҳои мухталифи равобити ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷараёни таҳияи лоиҳаҳои Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, бахусус дар давраи пандемияи бемории COVID-19 ва такмили раванди табодули иттилоот мавриди муҳокимаи қарор гирифт. Гулрӯ Ҷабборзода аз вазъи феълии ҳамкории мақомоти ҳарду ҷониб, ки дар асоси муносибатҳои дӯстонаи роҳбарияти олии кишварҳо сурат мегирад ва баҳри беҳдошти вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия ва шаҳрвандони Россия дар Тоҷикистон равона гардидааст, ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки «бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳдошти вазъи будубош, инчунин фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд, ки татбиқи онҳо аз вазъи қаноатбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду давлат дар самти муҳоҷират шаҳодат медиҳад». Ҳамчунин оид ба бархе мушкилоти ҷойдошта, ки муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра рубарӯ гаштанд, ибрози назар гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ҳалли онҳо мақомоти масъулини Россия мусоидат намояд. Дмитрий Демиденко ба тадбирҳои Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати дастрас шудани як қатор имтиёзҳо вобаста ба будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити паҳншавии коронавирус, аз ҷумла тамдиди муҳлати санадҳои бақайдгирӣ ва фаъолияти меҳнатӣ муфассал иттилоъ дод. Ҷонибҳо ҷиҳати самарабахш анҷом додани ин мақсадҳо таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоърасониро дар ин самт зарур шумориданд. Дар фарҷом ҷонибҳо изҳор доштанд, ки баҳри ҳалли масоили ҷойдошта дар самти марбута мулоқоти мустақими пайваста доир гардида, масъалаҳои рӯзмарра дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |