27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Красноярски Россия ба Ватан баргардонида шуданд

298
Шоми 26 май 22 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Федератсияи Россия қарор доштанд, аз Красноярск ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин бо парвози мазкури ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» ҷасади як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе оварда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво