20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Россия аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо пешбинӣ шудааст

339
Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба маълумоти ҳамватанон мерасонад, ки парвози ҳавопаймоҳои пешбинишуда- ин хатсайрҳои чартерӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Россия (хоҳишмандон) аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ташкил карда мешавад, ки пас аз иҷозати ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад.

Аз ин лиҳоз Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамаи ҳамватанон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунанд.

Ҳамчунин дар сурати пешниҳоди фурӯши билети ҳавопаймо аз ҷониби шахсони алоҳида аз харидории чунин билетҳои ҳавопаймо бояд худдорӣ намуд.

Ҳангоми барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд маълумотро танҳо аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт намоянд.

Зимнан, аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанон эҳтиромона хоҳишмандем, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, бевосита, ҳар шахс худаш тавассути телефонҳои доимии амалкунандаи Сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон, ки дар зер нишон дода мешаванд, муроҷиат намояд:

ш. Москва:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740 02 12

+7 (495) 690-41-86

e-mail: tajembmoscow@mfa.tj

Facebook: @tajembassy.ru

ш. Санкт-Петербург:

+7 (961) 611 16 17

+7 (812) 490 47 46

e-mail:tajgencons.piter@mfa.tj

ш. Уфа:

+7 (347) 276 52 96

+7(927) 231 71 71

+7(927) 945 65 66

e-mail:tajconsufa@mfa.tj

ш. Екатеринбург:

+7 (343) 370 23 60

e-mail:tajconsek@mfa.tj

ш. Новосибирск:

+7 (913) 487 38 22

+7 (383) 349 59 70

e-mail:tajgencons.nsk@mfa.tj

Акси Сафорати Тоҷикистон дар Россия




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво