25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз Думаи давлатии Россия масъалаи тасвиби созишномаро бо Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР баррасӣ мекунад

338
Имрӯз вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия дар ҷаласаи худ масъалаи тасвиби созишномаро миёни Россия ва Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад ТАСС.

Тибқи ин санад, мақомоти ваколатдори давлатии Тоҷикистон ухдадоранд, ки ба шаҳрвандони худ дар бораи имконияти таъмини кор дар Федератсияи Россия бо тартиби ҷалбкунии муташаккилона ва интихоби номзадҳо барои шуғл, ки тибқи талаботи корфармо дорои тахассус ва таҷрибаи зарурӣ, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мебошанд, иттилоъ диҳанд. Дар баробари ин, дар доираи созишнома, дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ ё байнидавлатӣ қарор доштани номзадҳо, инчунин мавҷудияти доғи судӣ нисбат ба онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон санҷида мешавад.

«Татбиқи ин чорабиниҳо ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мехоҳанд дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд, таъмин менамояд ва ба таъмини кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои дониш, малака ва ихтисоси мутобиқ ба талаботи корфармоёнанд, дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд», — тазаккур медиҳанд таҳиягарон.

Ёдовар мешавем, ки созишнома 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва аз ҷониби президентҳои Федератсияи Россия Владимир Путин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Россия имзо шуда буд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ин созишнома, бешубҳа, боз як қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия хоҳад буд».

Моҳи ноябр Ҳукумати Россия ин созишномаро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво