27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Мутахассисони Ӯзбекистон аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ боздид намуданд

473
18 май мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ дидан намуданд.

Онҳо зимни вохӯрӣ бо кормандони озмоишгоҳи мазкур дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 табодули афкор намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ имрӯз тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва бо сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд. Ҳамзамон вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2017 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, бо супоиши сарвари давлати кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони ӯзбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиббӣ бо мақсади кумак намудан ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Ҳадафи онҳо додани тавсияҳо аз таҷрибаи хеш ба ҳамтоёни тоҷик ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво