БА ШУМО КУМАКИ АВВАЛИ ТИББӢ НАРАСОНИДАНД Ё ДОРУХОНАҲО ДОРУ НАДОДАНД? Пас ба Прокуратураи генералӣ бо рақами 235-11-11 занг занед
337
Минбаъд шаҳрвандоне, ки ба ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввали тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббиву дорухонаҳо ва ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин ва қимат кардани маҳсулоти доруворӣ дучор мешавад, метавонанд тавассути рақамҳои телефонии 235-11-11 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Тавре гуфта мешавад, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва таъсири манфии он ба саломатии аҳолӣ роҳандозӣ шудааст. «Вазъи ҷаҳонии имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, ба сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ва хизматрасонӣ дар аксарияти соҳаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст, — омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералӣ ва аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда шудааст, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввал ва баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дода нашаванд». Ҳамзамон мақомоти мазкур таъкид менамояд, ки дар сурати паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, нисбат ба нафарони паҳнкунанда ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |