29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа ба шаҳрвандони мамлакат дар ҳалли мушкилоти пешомада кумаки зарурӣ мерасонанд

347
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бинобар муваққатан қатъ шудани ҳамаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз 20 марти соли 2020 бо мақсади пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) дар мамлакат, Вазорат, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар хориҷа ба шаҳрвандони кишвар дар ҳалли мушкилоти пешомада мусоидат мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, аз ҳамватанон хоҳиш менамояд, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи мамлакат қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат намоянд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво