25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Корхонаҳои «ММК», «ММД», «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд

385
Бо мақсади пешгирии сирояти короновируси навъи COVID-19 корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, аз қабили ҶДММ «ММК»-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Сахо ва К»-и шаҳри Гулистон ва ҶСК «ММД»-и ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳолати зарурӣ корхонаҳои истеҳсолии мамлакат имконият доранд сокинонро пурра бо маводи гигиениву антисептикӣ таъмин намоянд.

Эълон гардидани вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиёти зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.

Вобаста ба ин, дар дастгоҳи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус COVID-19 ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат ҳамкории судманд роҳандозӣ гардидааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво