27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хадамоти давлатии «Муҳофиза» соҳиби бинои нав мегардад

458
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 март Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинои маъмурӣ аз таҳхона ва ҳашт ошёна иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шуда, барои кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД пешбинӣ шудааст.
Дар таҳхонаи иморати таъмиршаванда ошхона, толори варзишӣ, дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ, утоқҳои истироҳатӣ ва дар дигар қисмати бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, конфронсзал ва меҳмонхона бо шароити замонавӣ бунёд карда мешаванд.

Вазири корҳои дохилӣ бо таъмиру навсозии бинои Хадамоти мазкур шиносоӣ пайдо намуда, барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво