Кормандони шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд соҳиби бинои нав шуданд
433
Дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд бинои хизматии Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур аз як ошёна ва 4 утоқи корӣ, ду ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои фаъолияти кормандон фароҳам оварда шудааст. То ин замон кормандони шуъбаи мазкур дар бинои иҷоравӣ ва шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода зимни ифтитоҳи бино зикр кард, ки таъмини кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шароити хуби корӣ гувоҳи таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати мамлакат ба ин ниҳод аст. — Таъсиси сохтори хизматии ба талаботи замона мувофиқ – Раёсату шуъбаҳои экологӣ ва сайёҳӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ иқдоми саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода буда, ин ниҳод дар баробари таъмини амнияти экологӣ ва бехатарии муҳити зист, ҳамзамон расонидани кумак ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ҳифзи манфиат, пешгирии ҷинояткорӣ нисбат ба онҳоро дар бар мегирад. Ҳуҷраҳои барҳавои кории ин бино бо компютер, мизу курсӣ, ҷевон ва дигар ашёву аёнияти хизматӣ таъмин мебошанд. Ҷавобан ба чунин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқ бошем ва манфиати халқу Ватанро ҳимоя намоем,- таъкид намуд Қудратулло Назарзода. Ёдовар мешавем, ки нахустин шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аввали соли 2018 дар назди Шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шуъбача аз 40 нафар корманд иборат буда, бо мошину таҷҳизоти зурурӣ таъмин аст ва дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон фаъолият менамояд. Вазифаи асосии кормандони шуъбаи мазкур таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба онҳо мебошад. Бояд зикр кард, ки бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои зарурӣ дар дохили ҷумҳурӣ анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд. Хотиррасон менамоем, ки чунин сохтор (политсияи сайёҳӣ) дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои пешрафтаи дунё фаъолият мекунад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |