6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Кӯлоб бинои таълимии Коллеҷи милитсия мавриди истифода қарор гирифт

497

Дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимии Коллеҷи милитсия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинои таълимии Коллеҷи милитсия аз 4 ошёна бо таҳхона иборат аст. Иншоот мутобиқи талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он ҳамчунин дорои ошхона, китобхона, синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисӣ мебошад.

Рамазон Раҳимзода курсантони Коллеҷро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ, ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия самимона табрик намуд. Номбурда зикр кард, ки «маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар гардидани насли наврасу ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин радиф муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд».

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, таъсис дода шудааст.
Коллеҷи мазкур мутахассисони воҳидоти таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омода намуда, хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ давоми 3 ва 4 сол ба таълим фаро мегирад.

Коллеҷи милитсия дорои шароити мусоид, аз қабили хобгоҳ барои 441 нафар, ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷаҳҳаз бо маводу ашёи зарурӣ буда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво