26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо ба истифода додани 333 иншооти нав ноҳияи Фархор симои худро куллан дигаргун менамояд

280
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 333 адад бинову иншоот дар назар аст. Ин матлабро раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Бо мақсади рушди инфрасохтори туризм дар ноҳия 6 меҳмонхонаи давлатию хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар умум дорои 65 кати хоб, ҳаммом ва мебелу ҷиҳози замонавӣ буда, дар онҳо барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Рустам Раҳматзода афзуд, ки дар маҷмӯъ дар ноҳия аз моҳи июли соли 2018 то моҳи январи соли 2020 сохтмони 228 адад бинову иншоот, аз ҷумла соли 2018 50 адад ва соли 2019 аз 178 адад бинову иншооти нақшавӣ 142 адади он ба анҷом расид. Ҳоло дар 23 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Бо корбарии масъулини соҳа дар 13 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

Дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақша бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кооперативҳои меҳнатию муассисаҳои таълимӣ беш аз 96 суҳбату ҳамоиш ва вохӯриҳо ҷиҳати бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуданд.

Ҳамчунин давоми соли 2019 бо корбарии масъулони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа, маориф, фарҳанг, САҲШ, ҷавонон ва варзиш вобаста даҳҳо озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Кадбонуи беҳтарин», «Хӯриши беҳтарин», «Сайри чакан», «Сад ранги чакан», «Тарроҳи беҳтарин», «Нонпази беҳтарин», «Бонуи ҳунарманд», «Хунарманди беҳтарини сол», «Рассоми беҳтарин», «Иншои беҳтарин» бо ҷалби бештари занону духтарон гузаронида шуд.

Тибқи нақша давоми таътили зимистона ва тобистонаи мактаббачагону кӯдакони муассисаҳои томактабӣ саёҳати дохилӣ дар шакли боздид аз Осорхонаи таърихӣ–кишваршиносии ноҳия, китобхонаи марказии ноҳия ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати тарғиби бештари ҳунаромӯзӣ миёни ҷавондухтарон ва омодасозии онҳо ба зиндагӣ, рушди касбомӯзӣ давоми соли 2019 270 нафар бонувон ба курсҳои кӯтоҳмуддат, аз қабили адрасбофӣ, қолинбофӣ, қӯроқдӯзӣ ва қаннодии назди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ҷалб гардиданд.

Ноҳияи Фархор дар самти рушди соҳаи туризм имкониятҳои зиёдеро доро буда, дар ҳудуди он 50 адад ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла, «Аҳтам-Сабоҳа», «Кокул», «Қабристони Макони мор», «Қалъаи Пуч-қоқ», «Шаҳртеппа» шаҳракҳои «Золи Зар», «Сайёд», «Саксанохур», «Чоргултеппа», «Шӯртеппа» ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзеи онҳо таърихи беш аз 4200-сола доранд.

Ҳамасола зиёда аз ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва 40-50 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ин мавзеъҳо дидан мекунанд.

Сулаймон ХОЛОВ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво