29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 270 иншоот бунёд мешаванд

488
То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмони 270 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус 56 адад иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин бора Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ноҳияи Варзоб бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 5 миллиону 842 ҳазор сомонӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Сайёд, Алахчин ва Ҷангалак муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ ба истифода дода шуданд.

Ба зикри номбурда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаш моҳ 76 ҳазору 320 нафар сайёҳон аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд, ки аз ин шумора 1014 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети ноҳия 1 миллиону 224 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво