26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 70 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешаванд

396
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват гардида, қарор фавран ба маълумоти вакилон расонида шуд.



Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, пас аз интихоби котибот ва ҳайати таҳририя, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд.

Тавре дар иҷлосия зикр гардид, бо назардошти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар доираи 70 (ҳафтод) адад муқаррар карда шавад.

Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе иҷлосия комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳайати 9 нафар таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъмини тартибот, амният ва бехатарии шаҳрвандон дар ҷараёни баргузории он ҷалб намуд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе корашро анҷом дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво