Кӯчаи 25- солагии Истиқлолият дар Хуҷанд![]()
Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид. Рӯзномаи кори иҷлосия бо баррасии 9 масъала тасдиқ гардида, яке аз масъалаҳои он марбут ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофии ҳудуди шаҳр буд. Аз рӯи ин масъала Кибриё Ҷӯраева, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, котиби комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд сухан гуфт.
Кибриё Ҷӯраева пешниҳоди омоданамудаи комиссияро дар бораи 25- солагии Истиқлолият номгузорӣ намудани яке аз кӯчаҳои навбунёди маҳаллаи Чашмаи арзана, ки то имрӯз номгузорӣ нагардида буд, мавриди баррасии вакилон қарор дода, зикр намуд, ки ин пешниҳод дар асоси муроҷиати сокинони кӯчаи мазкур ба миён омадааст. Вакилон якдилона барои тасдиқи ин пешниҳод овоз доданд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |