26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табдили номи баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

801
Дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки 15 марти соли равон баргузор гардид, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи кӯчаи «Ташкентская»-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи «Тошканд», кӯчаи «Варзобская»-ро ба номи «Варзоб», кӯчаи «Варзоб ГЭС-и боло»-ро ба номи «Шаббода», кӯчаи «Московская»-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи «Москва», кӯчаи «Тунис»-и ноҳияи Синоро ба номи «Хоразмӣ» иваз кард.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд, ки тибқи қарорҳои мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсӣ вазифадор гардидаанд, ки бақайдгирии истиқоматкунандагони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар ин кӯчаҳо нишонаҳои марбутаро насб созанд.

Мавриди зикр аст, ки иҷрои қарорҳои мазкур ба зиммаи раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе гузошта шудаанд.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво