27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон ва Венгрия мулоқоти навбатии аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» баргузор гардид

278
Дар шаҳри Ню-Йорк 24 октябр бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Венгрия дар СММ мулоқоти аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни суханронӣ ҳозиринро бо корҳои тадорукотии Конфронси дуввуми сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (моҳи июни 2020, Душанбе) шинос кард ва аз онҳо ҷиҳати иштироки фаъол дар раванди мазкур даъват ба амал овард.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ҷаласаи якуми Кумитаи машваратии байналмилалӣ (25 августи 2019, Стокҳолм) ва чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағйирёбии иқлим» (25 сентябри 2019, Ню-Йорк) маълумот дод.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи «Дӯстони об» аз 16 кишвари аъзои СММ, аз ҷумла Бразилия, Канада, Миср, Ҳабашистон, Финляндия, Венгия, Эрон, Япония, Урдун, Лубнон, Мексика, Федератсияи Россия, Сингапур, Швейтсария, Тоҷикистон ва Таиланд иборат мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво