22 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим» баргузор гардид

56
25 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню—Йорк бо ибтикори Тоҷикистон ҳамоиши канории сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим» баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамоиши мазкурро Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фиҷи, Канада, Марокаш, Португалия, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва СММ- ниҳоди Об баргузор намуд, ки дар он намояндагон ва мутахассисони кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Қисми якуми ҳамоиш таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин доир гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Фиҷи Ҷосиа Ворек Ваинимарама, Вазири корҳои хориҷии Португалия Огусто Сантос Силва, Директори генералии Агентстваи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сафир Мануэл Сагер, Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Лю Женмин ва дигар шахсони валомақом суханронӣ намуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш ҳозиринро аз саъю талошҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва омодагӣ ба Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати иҷрои Даҳсолаи амал, ки соли 2020 дар ш. Душанбе барпо мегардад, шинос намуда, аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар кори конфронс даъват ба амал овард.

Дар идомаи ҳамоиши мазкур инчунин Фиристодаи вежаи Нидерланд оид ба масъалаҳои об Хенк Овинк, Директори Институти байналмилали оби Стокголм (SIWI) Торни Холмгрен, намояндаи воломақоми ЮНЕСКО, вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Венгрия, вазири муҳити зисти Қазоқистон, муовини вазири корҳои хориҷии Финляндия ва дигар намояндаҳои воломақом суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш иштирокчиён хатарҳоеро, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд ва амалҳои муваффақро дар соҳаи об барои бо суръат ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.

Аксарият саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи Даҳсола мусбат арзёбӣ намуда, ба тезонидани амалҳои ҳамгироёна дар ҳалли масоили захираҳои обу иқлим даъват карданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво