16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи умумии СММ

516
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчун роҳбари ҳайати кишвар 1 октябр дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд.

Дар ин бора аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд.

Зимни суханронӣ Намояндаи доимӣ аз чолишҳои замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, терроризм ва экстремизм, муноқишаҳо, нобаробарӣ, камбизоатӣ, камбуди имкониятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ ёдрас гардида, онҳоро монеаи ноилшавӣ ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор номид.

Зимни ироаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, Намояндаи доимӣ ба зарурати расонидани кумак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои қитъаи Африка, давлатҳои камтараққӣ, рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд таъкид намуд.

Намояндаи доимӣ ҷиҳати густариши кумаки мақсаднок ба Афғонистон, ки ба барқарорсозии иқтисодӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоии он кишвар равона шудааст, даъват ба амал овард.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин Маҷмаи Умумии СММ-ро бо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (3-4 майи соли 2018, ш. Душанбе) ва Конфронси байналмилалии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (20-22 июни 2018, ш. Душанбе) шинос намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ М. Маҳмадаминов аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирии лоиҳаи қатъномаи аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон пешбаришаванда таҳти унвони «Бозбинии фарогири миёнамуҳлат оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» даъват ба амал овард.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво