21 октябр 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ муборак!

79
Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ муборак! Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол,
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамасола душанбеи якуми моҳи октябр Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат мехоҳам тамоми меъморони Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо ободиву осоиш ва саодату оромӣ орзу намоям.

Меъморӣ шуғли мураккаб ва пурмасъулият аст. Аз нақшаи офаридаи меъмор, аз донишу малакаи ӯ, аз тахайюл ва ҷасорати ӯ зебоӣ, устуворӣ, сифат ва пойдории бино ё иншооти оянда вобастагӣ дорад. Танҳо доштани ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳо метавонанд меъморро дар офаридани нақшаи мондагор кумак расонанд ва муваффақ гардонанд.

Бояд таъкид намуд, ки дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафти соҳаи меъморӣ ва сохтмон пайваста эҳсос мегардад. Дар ҳар як ҷашну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии бино ё қабулу баистифодадиҳии иншооти нав ба ҳукми анъана даромадааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати заҳмати созандаву фидокоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба дастовардҳои арзанда дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ расидааст, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ буда, дар ин радиф иншооти меъмории боҳашамату нотакрор, ба монанди бинои Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Нишону Парчами давлатӣ қомат афрохтаанд, ки барои мардуми кишвар дар пешравӣ, ташаккул ва худшиносии миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, барои сайёҳон ҷойҳои тамошобоб ба ҳисоб мераванд.

Дастовардҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки дар пойтахти Тоҷикистони азизамон – шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шуда, дар муддати начандон тӯлонӣ намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва дилписанд гардидаааст. Услуби якҷояи Аврупо ва Шарқ ва меъмории миллӣ, ки дар сохтмони иншоот ва биноҳо истифода мешаванд, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал мегардонад ва ин маҳсули кори меъморони тоҷик мебошад.

Меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналхалқии меъморӣ (Конгрессҳои Умумиҷаҳонии меъморон, симпозиумҳо, озмунҳои меъморӣ) фаъолона иштирок намуда, санъати меъмории миллии Тоҷикистонро шарафмандона муаррифӣ менамоянд.

Меъморон масъулияти касбии худро нисбат ба пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк менамоянд ва ҳамарӯза барои амалӣ гардонидани вазифаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қобили зикр аст, ки меъморони ҷумҳурӣ дар корҳои лоиҳакашии сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30 –солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, барои боз ҳам зебо ва обод гардонидани Ватани азизамон саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо - дӯстони азиз, меъморон ва собиқадорони соҳаро бо ҷашни касбиатон муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон қуллаҳои баланди тахассусӣ, муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба навро ба хотири шукуфоии Ватани азизамон орзу менамоям!

Ҷашн муборак, ҳамкасбони гиромӣ!







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво