15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Идатон муборак, зебоиофарон!

386
Идатон муборак, зебоиофарон!
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол,
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меъморони саросари дунё ва ихлосмандони санъати волои меъморӣ Рӯзи умумиҷаҳонии меъмориро имсол дар нахустин рӯзи моҳи октябри заррин ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат мехоҳам тамоми меъморони Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо ободиву осоиш ва саодату фирӯзӣ орзу намоям.
Меъморӣ шуғли мураккаб ва пурмасъулият аст. Аз нақшаи офаридаи меъмор, аз донишу малакаи ӯ, аз тахайюл ва ҷасорати ӯ зебогӣ, устуворӣ, сифат, пойдорӣ ва ҳузуру ҳаловати бино ва ё иншооти оянда вобастагӣ дорад. Танҳо доштани ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳо метавонанд меъморро дар офаридани нақшаи мондагор ҳидоят намоянд.
Бояд таъкид намуд, ки дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафти соҳаи меъморӣ ва сохтмон пайваста эҳсос мегардад. Дар ҳар як ҷашну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии бино ё қабулу баистифодадиҳии иншооти нав ба ҳукми анъана даромадааст.
Меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Байналхалқии меъморӣ фаъолона иштирок намуда, санъати меъмории миллии Тоҷикистонро шарафмандона муаррифӣ менамоянд.
Меъморон масъулияти касбии худро нисбат ба пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк менамоянд ва ҳамарӯза барои амалӣ гардонидани вазифаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қобили зикр аст, ки меъморони ҷумҳурӣ дар корҳои лоиҳакашии сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ ба муносибати 27 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, барои боз ҳам зебо ва обод гардонидани Ватани азизамон саҳми босазои худро гузоштаанд.
Бори дигар ҳамаи Шумо дӯстони азиз, меъморон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон қуллаҳои баланди тахассусӣ, муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба навро баҳри шукуфоии Ватани азизамон орзу менамоям!
Идатон муборак, ҳамкасбони гиромӣ!







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво