29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!

835
Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!
Ҳар сол дар аввалин рӯзи душанбеи моҳи октябр меъморони тамоми дунё ва ҳаводорони санъати меъморӣ, Рӯзи Умумиҷаҳонии меъмориро (World Architecture Day) қайд менамоянд.
Рӯзи Умумиҷаҳонии меморӣ соли 1985 аз тарафи Иттифоқи Байналхалқии Меъморӣ таъсис ёфтааст. Дар аввал Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ 1 июл қайд карда мешуд. Соли 1996 бошад, дар Барселона баъд аз Конгресси меъморон дар Ассамблеяи 20-уми Иттифоқи Байналхалқии Меъморон қарор қабул гардид, ки Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ дар аввалин рӯзи душанеби моҳи октябр қайд карда шавад.
Иттифоқи Байналхалқии Меъморон соли 1948 дар шаҳри Лозанна (Швейцария) бо иштироки вакилони 27 давлати дунё ташкил ёфтааст. Иттифоқи меъморони СССР яке аз таъсискунандагони ин ташкилоти байналхалқии меъморӣ мебошад. Ҳоло дар Ҳайати Иттифоқи Байналхалқии Меъморон зиёда аз 120 иттифоқҳои меъморони давлатҳои ҷаҳон, ки худ зиёда аз 1,3 миллион меъморро дар бар мегирад, аъзо ҳастанд. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ аз соли 2005 аъзои ин такшилоти бонуфузи байналхалқии меъморӣ мебошад.
Ҳоло бе санъати меъморӣ ҳаёти одамонро тасввур кардан бениҳоят душвор аст. Меъморӣ ва шаҳрсозӣ – ин он фазои эҷодие мебошад, ки бо маҳсули он ҳамарӯза ҳар яки мо бармехӯрем.
Ба муносибати Рӯзи Умуммиҷаҳонии меморӣ Иттифоқи меъморони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар шаҳри Хуҷанд «Даҳаи санъати меъморӣ, тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуд. Намоишгоҳро Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳамадзода, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Б.Юсупов, муовини раиси Иттифоқи меъморон К.Юсуфов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ф.Хуҷаев, раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон П.Рӯзиматов, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн Ҷ.Ғанизода, директори галереяи «Сомониён»-и ш.Хуҷанд Г.Ҷӯраев бо иштироки меъморон, рассомон, дизайнерон ва тамошобинони сершумор дар вазъи тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи меъморони Тоҷикистонро бо Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияташон парвози баланди эҷодӣ ва дастовардҳои тоза ба тозаро орзу дорам.

Б.Юсупов,
Раиси Иттифоқи
меъморони Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво