15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ тамошои якҷояи намоиши «Гирдбод» ташкил гардид

137
Шоми имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шарафи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тамошои дастаҷамъонаи намоиши «Гирдбод» дар таҳияи коргардон Шавкат Халилов ташкил гардид. Дар он масъулин ва кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Намоиши «Гирдбод», ки аз рӯи драмаи Нур Табаров таҳия гардида, аз рӯзгору пайкори аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон – устод Садриддин Айнӣ, ҷаҳду талошҳои ӯ баҳри соҳибдавлат шудани тоҷикон, муборизаҳои устод алайҳи пантуркистон ва «дӯстон»-у душманони миллати тоҷик дар ибтидо ва нимаи аввали асри ХХ ҳикоят мекунад, тамошобинонро бори дигар ба гиромӣ доштани забони шевои ниёгон водор ва ҳидоят менамояд.

Дар ибтидо, пеш аз оғози намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ба ҳозирин ва сокинони пойтахт қироат намуд.

Зимнан, зикр гардид, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ муҳимтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар мамлакат 5 октябр — Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, он дар тамоми ҷумҳурӣ бо шукӯҳи хосса таҷлил мегардад.

Таъкид гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо бояд забонамонро, ки мисли Истиқлолият, Ватан, Модар ва таъриху фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешавад, азизу гиромӣ дорем.

Дар баробари ин, бояд хотирнишон сохт, ки ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанг, забон ва либоси миллӣ, инчунин номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи Ватан ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯза табдил ёбад.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст.

Таҳиягарони намоиши «Гирдбод» бо такя ба ҷаҳони ботинии устод Садриддин Айнӣ, хосса мероси гаронмояи илмиву адабӣ ва хизматҳои арзандаи эшон дар назди миллат барои расидан ба ормонҳои миллӣ, ҳифзи забони модарӣ, афкору андешаҳои созандаву «сӯзанда»-и наслҳои гуногуни Ватанро нисбат ба масъалаҳои муҳаббат ба Ватан, худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба мероси гаронбаҳои адабиву илмӣ ва нақши тоҷикон дар раванди ташаккули фарҳанги қавму миллатҳои сокини Осиёи Миёна баён кардаанд.

Таҳиягарони намоиш бо дарки амиқи таърихи бою пурғановати миллати тоҷик ба бинанда қаҳрамониву далерии миллат, дарду ормонҳои миллӣ ва ҷафоҳои ба сари ин миллати фарҳангсозу дорои ҳофизаи бойи таърихӣ фурӯрехтаро ба таври амиқу дақиқ инъикос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши «Гирдбод» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015» ба дарёфти мақоми аввал, беҳтарин кори коргардонӣ ва беҳтарин ороиши саҳна ноил шудааст.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ дар тамоми чорабиниҳо ва намоишҳои театрӣ фаъолона иштирок намоянд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво