29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забон тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва намоиши китоб баргузор гардид

620
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забон тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва намоиши китоб баргузор гардидШоми дирӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ тантанаҳои идона, сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва намоиши китоб баргузор гардид. Дар намоиш китобу таълифоти гуногун доир ба забони тоҷикӣ, асарҳои адибону шоирон, адабиёти бадеӣ ва осори гаронбаҳои аҳли илму адаби тоҷик ба маъраз гузошта шуд.
Барномаи фарҳангиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорон ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми пойтахт расонид.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ нишонаи асосии ҳастии миллат ва воситаи муҳимтарини ҳифзу нигоҳдошти осори пурғановат ва фарҳангу тамаддуни бойу рангини тоҷикон маҳсуб мешавад.
Бо дарки аҳамияти ва арзиши забони давлатӣ соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ҷашнҳои мамлакат ворид карда шуд.
Ин санаи пурифтихор ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Барномаи ҳунарии иборат аз дастагули мусиқии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони пойтахт таҷлили ин санаи муҳими таърихиро барои сокинону меҳмонони Душанбешаҳр боз ҳам ҷолибу ҷазоб намуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин муносибат дар мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ созмон дода шуданд.
Аз ҷумла, ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон-омили асосии пойдории миллат» доир шуд, ки дар кори он олимону мутахассисони соҳи забоншиносӣ, коршиносон ва аҳли адаб доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти забон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво