8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили рўзи матбуот

1275
Дар толори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов 11 март бо иштироки васеи рӯзноманигорон рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Нахуст аз ҷониби ҳунармандони театр намоиш аз асари драманависи машҳури тоҷик Нур Табаров - «Гирдбод», ки дар бораи заҳмату талошҳои асосгузори адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар поягузории адабиёти навини тоҷик, руйдодҳои таърихӣ, беадолатиҳои даврон, хиёнатҳои шахсони маъруф, сарсупурдагиҳои зубдагони миллат пешкаши ҳозирин гардид. Устод Садриддин Айнӣ муборизи матинирода, мушкилнописанд, ҷасуру далер, фидоӣ, оқилу дурандеш буд, ки ибратбахши насли имрӯза аст. Ҳама ранҷу заҳматаш ба хотири пойдории миллату давлати тоҷикон ва фарҳанги он аст. Гирифтори фитнаву тӯҳмату буҳтон ва азоби фаровон мешавад, аммо аз раъйу мақсади неке, ки дорад, барнамегардад. Устод дар набардҳо фирӯз мегардад ва ин фирӯзии ӯ фирӯзии миллат аст. Муборизаи устод танҳо як муборизаи сиёсӣ нест. Фарҳанги асилу волои миллатро ҳимоят мекунад, пешниҳод месозад ва исбот менамояд, ки маҳви чунин фарҳанг ҳеҷ душманро ҳаргиз даст намедиҳад, чун он ҳазорсолаҳо пойбарҷосту дар хидмати оламиён қарор дорад. Аз ин рӯ, «Гирдбод» дар театри тоҷик дастоварду руйдоди муҳим маҳсуб меёбад.
Тамошои он дар боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, шинохти дурусти ҳақиқат ва рисолати таърихию инсонӣ ҳатман асари нек мегузорад. Он ҳар шаҳрванди асилро водор месозад, ки ҳеҷ гоҳ ғафлат наварзад, дар ҳифзи миллату давлату сарзамини аҷдодӣ ва фарҳанги волои хеш бошад. Ба қадри истиқлолият, ваҳдат, сулҳи пойдори кишвар бирасад.
Баъд аз анҷоми намоиш Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилов ва муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли қаламро бо иди касбиашон табрик намуда, барои хизматҳои арзанда дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг, матбуот, табъу нашр ва саҳми муносиб гузоштан барои пешрафти соҳаи рӯзноманигорӣ як қатор рӯзноманигоронро бо мукофоти Вазорати фарҳанги чумҳурии Тоҷикистон- нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии Фарҳанги Тоҷикистон», ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ва ифтихорномаи Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонданд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони матбуоти тоҷик бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво